ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 март, сешанбе, 83-юмин рӯзи соли 2026 аст

Март 24, 2026 08:00

24 марти соли  2010 баъди вохӯрии Сарвазири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов бо роҳбарияти Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ маросими супоридани Ҷоизаи «Дастовардҳои Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид»   дар соли 2010 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гадид, ки он ба Оқил Оқилов супорида шуд.

***

24 марти соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА масоили ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои зертобеи Созмони Милали Муттаҳид,  вазъи минтақа ва дигар мушкилоти мавҷуда баррасӣ гардид.

***

24 марти соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мавзеи сохтмони роҳи мошингарди Исфара-Конибодом-Ҷаббор Расулов ташриф оварда, ба корҳои таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ оғоз бахшиданд.

***

Соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Конибодом ба фаъолияти корхонаи азими саноатӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Нафтрасон», ки нахустин корхонаи коркарди ниҳоии нафт мебошад, расман оғоз бахшиданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба корхонаи тозабунёди коркарди меваи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат- Исфара» ташриф оварда, бо пахши тугма ба фаъолияти ин коргоҳ оғози расмӣ бахшиданд.

***

24 марти соли 2020  сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд идома ёфт. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи якчанд иншооти таъйиноти гуногун ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, дар Иди асал, нон ва картошка иштирок намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти «Ҷоми пойтахт-2021» баргузор гардид.  Дар он 70 сар аспи зотҳои тоҷикӣ, англисӣ ва ахалтекинӣ (туркманӣ) аз шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Роғун, ноҳияҳои Данғара, Рӯдакӣ, Файзобод, Фархор ва Ховалинг  пойга намуданд.

***

24 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукуҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, шиносоӣ бо вазъи рӯзгори мардум, корҳои саҳроӣ ва ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

***

24 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид-2023 бо хабарнигори телевизиони Созмони Милали Муттаҳид Шакунтала Санзиран мусоҳиба анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2024 бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид.

24 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории сил.

***

Рӯзи байналмилалии мубориза бо депрессия (афсурдаҳолӣ)

***

Дар Тоҷикистон- Рӯзи гул ва ниҳолшинонӣ

РӮЙДОДҲО:

24 марти соли 1753 дар Русия ҳукми қатл бекор карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли  1956 унвони фахрии «Мураббии варзидаи ИҶШС» таъсис дода шуд.

***

24 марти соли 1975 Иёлоти Муттаҳидаи Амрико интиқоли силоҳро ба Исроил қатъ кард.

***

24 марти соли 1990 дар Узбекистон мақоми президентӣ ҷорӣ карда шуд.

***

24 марти соли 1992 байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Венгрия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Куба муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Ҷӯрахон Искандаров — соли 1915 — сароянда, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон

Март 24, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш