ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 март, чоршанбе, 84-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 25, 2026 08:00

25 марти соли 2014 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии панҷуми Ҷоми олии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Равшан»- Кӯлоб ва «Истиқлол»- и Душанбе сабқат намуданд.

***

25 марти соли 2014 президенти ФИФА Йозеф Блаттер бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад.

***

25 марти соли 2015 дар шаҳри Қайроққум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ  мавриди истифода қарор гирифт, ки дар назди осоишгоҳи овозадори «Баҳористон» фаъолият мекунад.

***

25 марти соли 2016 дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода доданд.

***

25 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар тантанаҳои бошукуҳи идонаи наврӯзӣ, ки дар «Наврӯзгоҳ» — и пойтахт баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

***

25 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Наврӯзи деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бинои наву муосири Маркази ташхисию табобатии «Исмоил»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

25 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ доир гардид.

***

25 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби Созмони Милали Мутащид-2023 суханронӣ намуданд.

***

25 марти соли 2024 Сайид Умари Маъсум – ҳунарманди волосалиқа ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик, ки дар Олмон кору сукунат дорад, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз маҳсули ҳунари волои худ – тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шахсан тақдим намуд.

***

25 марти соли 2025 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Маҷид Хонро ба ҳузур пазируфтанд.

25 МАРТ:

Рӯзи филми варзишӣ

***

Дар Юнон —  Рӯзи истиқлол

***

Дар Русия – Рӯзи кормандони фарҳанг.

РӮЙДОДҲО:

25 марти соли 1807 Парлумони Британияи Кабир ғуломфурӯширо манъ кард.

***

25 марти соли 1895 дар Москва рӯзномаи «Русское слово» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1922 Ҳизби коммунистии Бразилия таъсис дода шуд.

***

25 марти соли 1924 Юнон ҷумҳурӣ эълон карда шуд.

***

Соли 1957 дар Рим шартнома дар бораи таъсис додани Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ба имзо расид.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Хайрулло Асоев-соли 1956 — муҳандис, собиқ Вазири  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 25, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш