ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, сешанбе, 62-юмин рӯзи соли 2026 аст
3 марти соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
***
3 марти соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармон ба имзо расониданд, ки тибқи он Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам» тағйири ном кард.
***
3 марти соли 2010 дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи саноатии истеҳсоли борхалтаҳо ба кор дароварда шуд, ки дар як сол метавонад то 10 миллион борхалта барои гирифтани орд, ғалла, намак ва дигар ашёи рӯзгор истеҳсол намояд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқарор гардидани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
3 марти соли 2021 Тоҷикистон бо Тринидад ва Тобаго муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд.
***
3 марти соли 2022 Душанбе ва Боку муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намуданд.
***
3 марти соли 2023 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов, ки ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, мулоқот намуданд.
3 МАРТ:
Рӯзи байналмилалии табиати ёбоӣ.
***
Рӯзи байналмилалии нависанда.
***
Рӯзи байналмилалии саломатии шунавоӣ ва гӯш.
***
Дар Қирғизистон – Рӯзи парчами давлатӣ.
***
Дар Судон – Рӯзи ваҳдати миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
3 марти соли 1585 дар шаҳри Виченсаи Италия аввалин театри калонтарин кушода шуд.
***
3 марти соли 1875 дар Канада аввалин бозии расмӣ оид ба хоккей доир гардид.
***
Соли 1842 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон қонун дар бораи банизомдарории меҳнати кӯдакона қабул карда шуд.
***
3 марти соли 1921 ҳормони инсулин кашф карда шуд.
***
3 марти соли 1973 Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта қабул гардид.
***
Соли 1987 боксёри машҳури амрикоӣ Майк Тайсон аввалин маротиба унвони чемпиони ҷаҳонро ба даст овард.
***
3 марти соли 1991 дар Латвия ва Эстония раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки дар он аксарияти аҳолӣ барои баромадан аз ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ овоз доданд.
***
3 марти соли 1995 Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал таъсис ёфт.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акашариф Ҷӯраев— соли 1894 — Ҳофизи халқии Тоҷикистон
***
Ином Асроров— соли 1938 – доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, душанбе, 61-умин рӯзи соли 2026 аст






