ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 март, душанбе, 89-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 30, 2026 08:00

30 марти соли 1960 бо Қарори Шурои вазирони Тоҷикистон Палатаи савдои Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

30 марти соли 2016 дар шаҳри Душанбе Форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.

***

30 марти соли 2016 дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои Қарор «Дар бораи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳои Рӯшон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои солҳои 2016-2020» –ро баррасӣ намуданд.

***

30 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Олмон баргузор гардид, ки дар он масъалаи муҳоҷират баррасӣ карда шуд.

***

30 марти соли 2020 дар ноҳияи Ёвон 11 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд.

***

30 марти соли 2021 дар Шурои Маҷлиси намояндагон ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

***

30 марти соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субрахманиям Ҷайшанкар мулоқот намуданд.

***

30 марти соли 2022 зимни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо Дар бораи «Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030», Дар бораи  «Барномаи рушди  соҳаи ҷангал барои солҳои 2022-2026», Дар бораи «Барномаи рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Дар бораи Қоидаҳои андозбандии фаъолияти соҳибкорони инфиродии дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолияткунанда баррасӣ гардид.

***

30 марти соли 2023 сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд идома ёфт. Дар шаҳри Истиқлол Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи саноатии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин бо гузоштани санги асос ба бунёди марҳалаи дуюми Корхонаи металлургии истеҳсоли сурб, нуқра ва мис оғоз бахшиданд.

***

30 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи якчанд иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд.

30 МАРТ:

Рӯзи сайру гашт дар боғ.

***

Дар Фаластин – Рӯзи ҳифзи замин.

***

Дар ИМА – Рӯзи миллии духтурон.

РӮЙДОДҲО:

30 марти соли 1870  тағйироти 15-ум ба Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба шаҳрвандони сиёҳпӯст ҳуқуқи овоздиҳӣ дод, ба ҳукми амал даромад.

***

Соли 1987 дар музоядаи Лондон тасвири Ван Гог «Офтобпараст» бо арзиши 50 миллион доллар фурӯхта шуд.

***

Соли 1946 аввалин маротиба маросими ҷоизасупории «Оскар» тавассути радио мустақиман пахш карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1995 Президенти вақти Беларус Александр  Лукашенко дар бораи баргузории раъйпурсӣ барои барҳам додани парлумон хабар дод.

***

30 марти соли 1992 байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Сингапур муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

Март 30, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш