ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 март, сешанбе, 90-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 31, 2026 08:00

31 марти соли 1975 Корхонаи алюминийи тоҷик (ТадАЗ) – калонтарин корхонаи истеҳсоли металлҳои ранга дар Осиёи Марказӣ сохта шуд.

***

 Соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд аввалин Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба самбо баргузор гардид. Дар он самбочиёни тоҷик аз 9 медали тилло 6- тояшро соҳиб гардида, аз беҳтаринҳо шинохта шуданд.

***

31 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи вақти Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷеймс Маттис масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Америка баррасӣ шуд.

***

Дар  ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни якчанд намуд рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомони ҷавон беҳтарин рамзи «Соли ҷавонон»-ро тасдиқ намуданд.

***

31 марти соли 2018 дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд «Маркази таъминоти техникии рушноидиҳии парвозҳо»- ро мавриди истифода қарор доданд.

***

31 марти соли 2019 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи «Ҳайдар Усмонов»-ро мавриди истифода қарор доданд.

***

31 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои 4-уми директорони киностудияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Гурҷистон баргузор гардид.

***

31 марти соли 2023 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хати оби полезиро ифтитоҳ бахшиданд ва боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии «Саховати Куруш»-ро тамошо намуданд.

***

31 марти соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барои мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф овард. Инчунин дар ин рӯз мулоқоти дуҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров баргузор гардид. Баъд аз анҷоми мулоқоти хоссаи Сарони давлатҳо маросими имзои санади таърихӣ — Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин ду созишномаи байниҳукуматӣ – «Дар бораи таъмини дастрасӣ ба объектҳои хоҷагии об ва энергетикӣ» ва «Дар бораи сохтмон ва истифодабарии роҳҳои мошингард, ободонӣ ва истифодаи чорроҳаи мошингард» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2025    Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои анҷом додани мулоқоту музокироти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, иштирок дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд. Пас аз анҷоми музокироти сеҷониба маросими имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар баргузор гардид.

31 МАРТ:

 Рӯзи байналмилалии ҷудошавӣ

***

Дар Малта – Рӯзи озодӣ.

РӮЙДОДҲО:

31 марти соли 1889 дар Париж манораи Эйфел расман кушода шуд.

***

31 марти соли 1901 аввалин мошини Mercedes-Benz истеҳсол карда шуд.

***

31 марти соли 1914 Федератсияи футболи Португалия таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1991 дар раъйпурсии Гурҷистон 90 фоизи аҳолӣ барои соҳибистиқлолии мамлакат овоз дод.

***

Соли 1991 дар Албания аввалин маротиба интихоботи бисёрҳизбӣ баргузор гардид.

***

31 марти соли 1994 Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Созмони Милали Муттаҳид мақоми нозирро ба даст овард.

***

31 марти соли 2005 сеюмин сайёраи хурдтарин дар системаи офтобӣ- Макемаке кашф карда шуд.

Март 31, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш