ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 март, чоршанбе, 63-юмин рӯзи соли 2026 аст

Март 4, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 2010 дар ҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.

***

 4 марти соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.

***

4 марти соли 2014 Президенти вақти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст: «Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба муносибати дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғалаба ба даст овардани Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки роҳбариашро Шумо ба уҳда доред, табрикоти самимии маро бипазиред».

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия  ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

***

4 марти соли  2016  Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии «Истиқлол»- ро ифтитоҳ намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аъзои Кумитаи иҷроияи Шурои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардиданд.

***

4 марти соли 2021 дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номи яке аз қуллаҳои кӯҳӣ  ба номи олими бузурги тоҷик, академик Раҳим Масов гузошта шуд.

***

4 марти соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Агентии давлатии хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ва навовариҳои иҷтимоии Озарбойҷон ва Маркази фарҳангии Ҳайдар Алиев боздид намуданд.

4 МАРТ:

Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди фарбеҳшавӣ.

***

Рӯзи ҷаҳонии муҳандис.

***

Рӯзи байналмилалии айнак

***

Рӯзи байналмилалии огоҳӣ аз вируси папилломаи инсон

РӮЙДОДҲО:

Соли 1789 аввалин Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳукми амал даромад.

***

4 марти соли 1877 олими амрикоӣ Эмил Берлинер микрофон ихтироъ намуд.

***

4 марти соли 1955 ширкати Sony ба истеҳсоли радиоҳои кисавӣ шуруъ намуд.

***

4 марти соли 2002 ҷоизаи миллии синамои Русия «Уқоби тиллоӣ» таъсис ёфт.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Дона Баҳромов— соли  1949 —Ҳунарпешаи  шоистаи Тоҷикистон

Март 4, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 март, сешанбе, 62-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 март, душанбе, 61-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 март, якшанбе, 60-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст