ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 март, панҷшанбе, 64-умин рӯзи соли 2026 аст

Март 5, 2026 08:00

5 марти соли 2007 филми коргардони тоҷик Ҷамшед Усмонов «Барои он, ки ба ҷаннат дароӣ, бояд бимирӣ» дар озмуни «Берун аз сарҳади Аврупо» Грант-при ба даст овард.

***

5 марти соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти тозаинтихоби Федератсияи Русия Владимир Путинро бо пирӯзии эътимодбахш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия таҳният гуфтанд.

***

5 марти соли 2015 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси    Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум» нашр шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоил оид ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманди Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ шуд.

***

5 феврали соли 2018 дар Тоҷикистон Шурои ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Раёсати Бонки Авруосиёии рушд Николай Подгузовро ба ҳузур пазируфтанд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии рушд баррасӣ гардиданд.

 5 МАРТ:

 Рӯзи ҷаҳонии самаранокии энергия.

***

 Дар Озарбойҷон – Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 марти соли 1914 дар Санкт-Петербург киностудияи «Ленфильм» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1966 дар натиҷаи садамаи ҳавопаймои англисии Boeing 707 дар Ҷопон зиёда аз 120 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

5 марти соли  1970 шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ ба ҳукми амал даромад.

Март 5, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш