ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 29.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади нигоҳдории гуногунии биологӣ, барқароркунӣ, зиёд намудани масоҳату маҳсулоти ҷангал, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва содироти он ба хориҷи мамлакат дар вилояти Суғд гармхонаҳо ва коргоҳи коркарди хуч таъсис дода шудаанд, ки фаъолияти босамар доранд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гармхонаҳо дар 540 метри мураббаъ бунёд гардида, дар онҳо беш аз 50 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҷангалӣ ва ороишӣ парвариш меёбанд. Ин иқдом ба рушди соҳаи ҷангалпарварӣ ва таъмини ниҳолҳои зарурӣ барои минтақаҳои гуногуни мамлакат мусоидат менамояд.
Инчунин коргоҳи истеҳсоли нӯшобаҳои табиӣ аз хуч, зирк ва зардолу фаъолият дорад, ки истеҳсоли чунин маҳсулоти табиӣ метавонад ба рушди истеҳсолоти ватанӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки ҷангал ба таъмини захира ва бехатарии ғизо таъсири калон мерасонад. Муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал ва аҳолӣ аз ҷангалҳои мамлакат ҳар сол писта, хуч, ангат, чормағз, бодом, зира ва дигар маҳсулот ҷамъоварӣ менамоянд. Аз он ҳам аҳолии маҳаллӣ ва ҳам муассисаҳои давлатии хоҷагиҳои ҷангал фоида мебинанд.
Маҳсулоти ҷангал аз ҷиҳати экологӣ хеле тоза, хуштаъм ва дорои витаминҳои зиёди барои организм зарурӣ мебошад.
АКС аз бойгонӣ








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






