Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Татбиқи лоиҳаи таҷдид ва навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Кулма, қисмати Рӯшон-Варшез дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки Исломии Рушд таҳти роҳбарии Мудири амалиёти минтақавии гурӯҳи Бонки Исломии Рушд Фарид Аҳмад Хон дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад.
Вазири нақлиёт иброз дошт, ки роҳи мазкур қисмати долони мултимодалии байналмилалии «Чин-Тоҷикистон-Узбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия-Аврупо» буда, ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа аҳамияти муҳими стратегӣ дорад. Дарозии роҳи мошингарди «Рӯшон –Варшез» 235 км-ро ташкил дода, он ба категорияи 3-юми роҳҳо дохил мебошад.
Ин тарҳ марҳила ба марҳила татбиқ гардида, дар марҳилаи яум 40 километр ва дар марҳилаи дуюм 33 километри роҳ таҷдид ва навсозӣ карда мешавад. Ҷонибҳо рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузории роҳу нақлиётро баррасӣ намуданд. Фарид Аҳмад Хон аз саъю кӯшиши роҳбарияти вазорат барои тақвияти ҳамкории дуҷониба, сари вақт ва бо сатҳу сифати ба талабот ҷавобгӯ ба анҷом расонидани татбиқи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонк маблағгузорӣ мешаванд, изҳори минатдорӣ намуд. Иброз гардид, ки Бонки Исломии Рушд минбаъд низ барои рушди соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро идома мебахшад.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ҳанӯз аз солҳои 2000-ум ҳамкорӣ намуда, ба якчанд дастовардҳо ноил гардидаанд. Бонки Исломии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳои таҷдид ва навсозии роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалии Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст.
АКС: Вазорати нақдиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад






