Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд

Март 26, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 26.03.2026./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «Bharat Electricity Summit 2026», ки дар Ҳиндустон баргузор гардид, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири манбаъҳои нав ва барқароршавандаи энергияи Ҳиндустон Пралҳад Ҷошӣ мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дурнамои тавсеаи ҳамкории энергетикиро байни ду давлат мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамзамон мусоҳибон оид ба масоили марбут ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Далер Ҷумъа иброз дошт, ки Тоҷикистон дорои иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ буда, дар баробари ин, бо мақсади гуногунсозии тавозуни энергетикӣ рушди энергияи офтобиро фаъолона пеш мебарад.

Пралҳад Ҷошӣ ба дастовардҳои Ҳиндустон дар самти гузариш ба энергетикаи устувор ишора намуд. ‎Ҳамчунин, ҷониби Ҳиндустон Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба ташаббуси байналмилалии «International Solar Alliance» даъват кард.

‎ Дар ҷараёни мулоқот ба татбиқи лоиҳаи минтақавии «CASA-1000», ки ба содироти неруи барқ аз Осиёи Марказӣ ба Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 26, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд