«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
ДУШАНБЕ, 05.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Туҳфа ба Модар» иқдоми ҷумҳуриявӣ доир намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Дар доираи иқдоми мазкур сарбозоне, ки муддати зиёд ба рухсатии хизматӣ нарафтаанду бо сарбаландӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмати ҳарбиро иҷро менамоянд, ба таври ногаҳонӣ бо туҳфаю дастовез бо роҳбаладии масъулини Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба назди модаронашон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат равон гардиданд.
Дар доираи иқдом ба сарбозон аз ҷониби сохторҳои низомие, ки дар он ҷо ифои хизмати ҳарбӣ доранд, ба муҳлати 7 шабонарӯз рухсатии хизматӣ дода шуд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз равона гардидани сарбозон ба хона бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом дода, онҳоро ба эҳтирому қадршиносии модар ва хизмати содиқона ба Ватан даъват намуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






