‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд

Март 6, 2026 13:40

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Покистон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об тақвият медиҳанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқоти маҷозии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазири федералии энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Сардар Аваис Аҳмад Хан Леғарӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид. Инчунин масъалаҳои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар бахши энергетика баррасӣ шуданд.

Ҳамзамон дар мулоқоти маҷозӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба пешбурди тарҳи муҳими минтақавии интиқоли неруи барқ «CASA-1000» равона гардид.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2026 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд