ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 март дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) дар мавзуи «Воситаҳои ахбори омма ва масъалаҳои худшиносии миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Зимни конференсия ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз намуд, ки кормандони соҳаи матбуот ва табъу нашр, радиову телевизион барои тарғибу татбиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат талош намуда, бо сухани созанда ба воситаи ахбори омма дар таҳкими истиқлолияти воқеии Тоҷикистон, сулҳу ризоияти миллӣ, осудагиву ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона саҳм мегузоранд.
Гуфта шуд, ки матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият чун узви ҷудонашавандаи матбуоти пешқадами ҷаҳонӣ давоми 35 соли Истиқлолияти давлатӣ тадриҷан аз як зина ба зинаи дигар қадами устувор гузошта, ба Тоҷикистон ва сокинони он софдилона хизмат менамояд.
Дар ҷараёни кори конфронс таъкид гардид, ки матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имконияти васеъ муҳайё месозад. Дар замони муосир барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани иттилоот дар баробари матбуоти чопӣ воситаҳои ахбори оммаи электронӣ-шабакаҳои телевизион, радио ва интернет саҳми бузург мегузоранд.
АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода








Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






