Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди бозорҳо, рушди устувори иқтисодиёти ҳар давлат, пеш аз ҳама, ба истифодаи самараноки тамоми захираҳои инсонӣ вобаста аст. Яке аз неруҳои бузурги иҷтимоӣ ва иқтисодӣ занон ба ҳисоб мераванд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Имрӯз нақши занон дар пешрафти иқтисодиёт на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, балки омили муҳим ва стратегӣ барои рушд ба ҳисоб меравад.
— Таърих гувоҳ аст, ки занону модарони тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси миллат буданд ва яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик зан ва модари боиффату босавод ба ҳисоб меравад. Воқеан, вақте сухан дар бораи зани бофарҳангу донишманд меравад, пеши назар модари тоҷик бо ҳамон симои зебову самимӣ ҷилвагар мешавад. Ба симои зани тоҷик ҳамон покдоманию фурутанӣ ва босавод буданаш ҳусну таровати хосса зам менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо занону модарони фаъолу эҷодкори мамлакат чунин иброз доштанд: «Давлате, ки нисбат ба модар-сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсонӣ бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».
Зан-модари тоҷик бо хислатҳои хирадмандона ва ақлу заковат дар ҷомеаи имрӯза нақши бузург дорад. Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ соли 2024 иброз доштанд, «дар фарҳангу тамаддуни мо, тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад. Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд. Имрӯз беш аз 110 ҳазор духтарону занони мамлакат ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд».
Маҳз дастгириҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон (аз ин шумора беш аз 11 ҳазорашон тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд), зиёда аз 35 ҳазор ҳамчун хатмкардаи макотиби олии кишварҳои хориҷа буда, имрӯз дар соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ хизмати босазо мекунанд. Ин аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Тоҷикистон нисбат ба зан — модар дарак медиҳад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумоти оморӣ, занон 49%, яъне қариб панҷоҳ дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд. Онҳо на танҳо дар тарбияи насли наврас, балки дар пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ- аз кишоварзӣ то саноат ва аз соҳибкорӣ то хизматрасонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Ҳамзамон солҳои охир дар кишвар шумораи занони соҳибкор ба маротиб афзоиш ёфта, бунёди корхонаҳои хурду миёна ва ҷойи нави кор фароҳам мегардад. Маҳз ба ҳамин хотир, дастгирии давлатии соҳибкории занон боис гардид, ки садҳо лоиҳаҳои муваффақ доир ба дастгирии занони соҳибкор амалӣ карда шаванд.
Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба рушди соҳибкории занон шароити мусоид барои фаъолияти иқтисодии онҳо фароҳам оварда шуд. Қарзҳои имтиёзнок, омӯзишҳои касбӣ ва барномаҳои грантӣ имконият медиҳанд, ки занон қобилияти кориро такмил дода, ба бозори меҳнат бо эътимоди бештар ва боварии комил ворид гарданд.
Бояд гуфт, ки қисми зиёди аҳолии Тоҷикистон, яъне беш аз 73 дарсади он дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Дар ин маврид саҳми занонро дар яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакат, яъне соҳаи кишоварзӣ нодида гирифтан ғайриимкон аст. Қисми зиёди корҳои кишоварзиро махсусан занон бар уҳда доранд. Онҳо дар истеҳсол ва парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва фурӯши онҳо фаъолона иштирок мекунанд. Чунин фаъолияти самараноки занон на танҳо дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузорад, балки барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии шоистаи аҳолӣ заминаи хуб фароҳам месозад.
Хотирнишон бояд сохт, ки имрӯз нақши занон дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаҳои саноат, бонкдорӣ, маориф ва тандурустӣ густурда буда, дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Ҳузури фаъоли занон дар соҳаҳои мазкур метавонад барои баланд гардидани сифати хизматрасонӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ замина фароҳам созад.
Гуфтан ба маврид аст, ки яке аз пояҳои устувори рушди иқтисоди муосир сармояи инсонӣ ба шумор меравад. Дар ин замина занон ҳамчун омӯзгор, олим ва мутахассис барои тарбия намудани кадрҳои баландихтисос нақши назаррас доранд. Ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон дар самти иқтисодиёт ва ҷалби онҳо ба омӯзиши технологияҳои нав ва иқтисоди рақамӣ метавонад ба рушди устувори иқтисоди мамлакат такони ҷиддӣ бахшад.
Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки нақши занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон бузург ва ивазнашаванда буда, бе иштироки фаъоли онҳо расидан ба ҳадафҳои устувор ғайриимкон мебошад. Давлате, ки барои занон ва мардон имконияти баробар фароҳам месозад, метавонад барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоияш заминаи мустаҳкам бунёд кунад.
Таҳкими густурдаи мавқеи занон дар иқтисодиёт на танҳо адолати иҷтимоӣ, балки сармоягузорӣ барои ояндаи дурахшони мамлакат аст. Зеро зан неруи созандаи давлат, ташаббускор ва кафили рушди устувори ҷомеа мебошад.
Иброҳим ИБРОҲИМЗОДА,
сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои макроиқтисодии
Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






