Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026» муаррифӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зарфияти сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон дар 32-юмин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «MITT — 2026», ки аз 11 март то 21 март шаҳри Москва идома меёбад, муаррифӣ мегардад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази Намоишгоҳи «Крокус Экспо» гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро ташкил кард.
Дар намоишгоҳи мазкур гӯшаи сайёҳии Тоҷикистон дар масоҳати 63 метри мураббаъ ташкил гардида, дар он маводи таблиғотии имконияти сайёҳӣ, роҳнамо, харитаҳо, варақаҳои иттилоотӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дигар маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаш карда шуданд.
Қобили тазаккур аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дорои беҳтарин шароит барои рушд додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Соҳаи сайёҳӣ ҳамчун самти афзалиятнок барои пешрафти иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, рушди соҳибкорӣ, муаррифи фарҳангу тамаддун, обу кӯлҳо, чашмаҳои мусаффо ва шифобахш, меваҳои шаҳдбор, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, набототу ҳайвонот ва манзараҳои беназири табиат ба ҳисоб рафта, ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар давоми даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимоӣ бо суръати устувор рушд намуда истодааст. Тибқи таҳлилҳо, ба ҳисоби миёна аз ҳар 1 доллари сарфшуда дар бахши сайёҳӣ 91 сенти он дар иқтисодиёти ватанӣ мемонад. Сайёҳӣ барои таъсиси ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақим, доимӣ ва мавсимӣ шароити мусоид фароҳам оварда, ҳар як сайёҳ метавонад барои таъсиси то 15 ҷойи корӣ мусоидат намояд.
Бояд гуфт, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» қабул карда шуд, ки ин тадбирҳо барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд.
Бо мақсади муаррифии фарҳанги пурғановати миллати тоҷик дар доираи «MITT-2026» гурӯҳи Карнай-Сурнай навозии “Азия Нур” ва гурӯҳи ансамбли “Санам” бо навозиши ин асбоби миллии мусиқӣ ва рақси миллии тоҷикӣ табъи тамошобинонро болида гардонид.
АКС: АМИТ «Ховар»








Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид
Имконоти сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллии Тоҷикистон дар шаҳри Тула муаррифӣ гардид






