ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар доданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусавварҳои инъикоскунандаи расму ойин, урфу анъана, либоси миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат шинос шуданд.
Иброз гардид, ки Зан — Модар ба мисли баҳор соҳибназокату шодирез, хуррамгарову сабзманиш, шукуфабору латофатзамир ва хушнигору мунир буда, бо оғози фасли шукуфтану рустанҳо ва дар арафаи ҷашни муҳаббатҳузуру меҳртабори мо- Наврӯз ҳамҷоя омадани Рӯзи Модар бисёр рамзи нек ва хуҷаставу мубарро аст.
Мақому манзалати ӯ дар ҳама давру замон болотар аз кулли арзишҳо шинохта шудааст. Хушбахтона, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа тадбирҳои судманд андешида шуданд, ки ҳар яке аз онҳо тавонист мавқеи занонро дар ҷомеа ба сатҳи зарурӣ баланд бардорад.
Ин аст, ки дар сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баланд бардоштани мақоми занону духтарон ва ҷалби онҳо ба корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангӣ яке аз ҳадафҳои меҳварӣ маҳсуб шуда, дар ин самт корҳои зиёде ба анҷом расидаанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ тавассути ин неруи созанда ва бунёдкор сафҳои худро комил сохта, ба хотири шукуфоӣ ва ояндаи неки мамлакат ҳузури онҳоро дар мақомоти гуногун муҳим мешуморад.
Ҳамзамон филм бо унвони «Меҳри модар» оид ба заҳмату талоши занон ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шабонарӯзии модарон барои ба камол расонидани фарзандон ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






