20 АПРЕЛ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Ин мақомот сиёсати ҳуқуқии давлатро таъмин мекунад
ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони мақомоти адлия муқаррар гардидааст. Ин сана дар асоси тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки моҳи декабри соли 2021 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, муайян карда шуд. Он рамзи эътирофи нақши калидии мақомоти адлия дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад.
Мақомоти адлия дар низоми идоракунии давлатӣ мавқеи махсус дошта, ниҳоди асосии таъминкунандаи сиёсати ҳуқуқии давлат ва ҳифзи волоияти қонун ба ҳисоб меравад. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ нақш ва масъулияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд маротиба афзоиш ёфта, ин ниҳод дар таҳкими пояҳои давлатдории ҳуқуқбунёд саҳми арзанда гузошт.
Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаҳои мураккаби сиёсию иҷтимоиро паси сар мекард, мақомоти адлия бо вуҷуди мушкилоти зиёд тавонист фаъолияти худро нигоҳ дошта, барои ҳифзи адолат ва таъмини қонуният хизмат намояд. Ин таҷрибаи таърихӣ собит сохт, ки мавҷудияти низоми мукаммали ҳуқуқӣ ва фаъолияти босамари мақомоти адлия яке аз шартҳои асосии устувории давлат мебошад.
Имрӯз мақомоти адлия дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд қарор дошта, барои таъмини иҷрои қонунҳо ва мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи замон тадбирҳои пайваста меандешад. Мақомоти адлия дар доираи салоҳият на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои шахсиро ҳимоя мекунад, балки ҳифзи сохти конститутсионӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва манфиатҳои давлатро низ таъмин менамояд.
Вазорати адлия дар баробари мақомоти судӣ бо амалисозӣ ва таъмини адолат сару кор дошта, мутобиқати санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ба қонунгузории амалкунанда таъмин менамояд. Он бо ин роҳ ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрвандро зери ҳимоя қарор медиҳад. Дар ин раванд на танҳо ҳуқуқу манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳамчунин сохти ҷамъиятӣ ва давлатӣ, тамоми шаклҳои моликият, ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ, манфиатҳои шахсӣ ва молу мулкии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии корхонаю муассисаҳо ва ташкилоти дорои шаклҳои гуногуни моликиятро низ мавриди ҳимоя қарор медиҳад.
Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин барои ба тартиб даровардани қонунгузории Тоҷикистон дастурҳо дода, ба мақомоти давлатӣ барои ба амал баровардани фаъолияти тарғибу ташвиқи ҳуқуқӣ ёрии амалӣ мерасонад.
Соли 2025 вазорат барои мутобиқнамоии қонунҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 6 лоиҳаи қонун ва 9 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Ҳамзамон мақомоти адлия фаъолияти густурдаи тарғибу ташвиқи ҳуқуқиро ба роҳ монда, дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳм мегузоранд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, аз ҷумла ба қишрҳои осебпазир яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҳуқуқшиносони Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» соли 2025 ба беш аз 12 ҳазор шаҳрванд машварати ҳуқуқӣ пешниҳод намуданд, ки қисми зиёди онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Дар баробари ин, мақомоти адлия ба қайди давлатии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ, сабти санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо, инчунин ба амалисозии экспертизаи ҳуқуқӣ машғул буда, дар таъмини шаффофият ва қонуният дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Бо назардошти рушди технологияҳои муосир дар Вазорати адлия ба сокинон ба таври электронӣ хизмат расонида мешавад. Шуруъ аз моҳи январи соли 2026 шаҳрвандон метавонанд тасдиқи аслияти маълумотномаи вазъи оилавиро ба таври электронӣ ва бо истифода аз QR-рамз дастрас намоянд. Ин иқдом қадами муҳим дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва осон намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии ҳуқуқӣ ба шумор меравад.
Таҷрибаи рушди ҷомеа нишон медиҳад, ки танзими самараноки муносибатҳои ҷамъиятӣ танҳо дар заминаи меъёрҳои дақиқи ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии онҳо имконпазир аст.
Имрӯз кормандони мақомоти адлия бо эҳсоси баланди масъулият, садоқат ба касб ва донишу таҷрибаи касбӣ фаъолият намуда, дар таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди давлати ҳуқуқбунёд саҳми назаррас мегузоранд.
Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Барои гирифтор нашудани кӯдакон ба бемории дарунравӣ чӣ бояд кард?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби тарбуз 90-95 фоиз об ва витаминҳои муҳим мавҷуд аст
Дар фасли тобистон чӣ гуна ташнагиро бе зарар расондан ба саломатӣ рафъ созем?
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ТАШАББУСКОР ВА ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ҶАҲОНӢ». Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ваҳдати миллӣ кафили соҳибистиқлолӣ, сулҳу оромӣ ва суботи Тоҷикистон мебошад
ОГОҲӢ! Аз 19 то 22 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад
ҚОНУНИ АВФ. Давлат ба ҳазорон шаҳрванд имконият медиҳад ба назди оилаҳои худ баргашта, ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда амалӣ созанд
Дар Душанбе оид ба тамоюлҳои рушди маориф дар давлатҳои ИДМ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ барои фаъолони ҳизб машғулияти омӯзишӣ доир гардид
Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TOJIKISTON-2026 имкониятҳои навро барои тиҷорат ва сармоягузорӣ фароҳам меорад
Дар доираи лоиҳаи идоракунии раванди обшавии пиряхҳо ба Агентии обуҳавошиносӣ таҷҳизоти муосир дастрас карда шуд
Ҷаласаи якуми Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба нуфус ва рушд баргузор шуд






