35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаҳои Обигарм, Себистон ва Лолагии шаҳри Ҳисор кӯдакистону муассисаҳои таълимӣ бунёд мегарданд
ҲИСОР, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар деҳаи Обигарми Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор бо саҳми омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88 Бободавлат Раҷабов ва фарзандонаш муассисаи хусусии томактабӣ сохта мешавад, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд.
Бинои муассиса барои 140 кӯдак бунёд ёфта, оянда аз ҳисоби заминҳои ҳамшафат васеъ мегардад ва имконияти фарогирии бештари кӯдакон дар назар дошта шудааст. Дар боми бино вобаста ба талаботи замон барои таъмини муассиса бо барқи доимӣ батареяҳои офтобӣ насб карда мешаванд. Дар ин муассиса кӯдакон аз деҳаҳои Обигарм, Лолагӣ, Мавлонҷар, Хирманак ва Сулаймонӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд.
Бинои ин кӯдакистон дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар деҳаи Себистон муассисаи таълимӣ ва дар деҳаи Лолагии Ҷамоати деҳоти Навобод низ бинои иловагии муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад. Ҳоло дар ин иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Бояд гуфт, ки деҳаи Себистон то имрӯз мактаб надошт ва фарзандони мардум ба чандин деҳаҳои атроф, ки 2-3 километр дуртар ҷойгиранд, барои таҳсил мерафтанд. Хушбахтона, сокинони деҳа ва соҳибкорон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор сохтмони муассисаи таълимиро, ки аз ду ошёна иборат аст, барои 640 хонанда дар ду баст оғоз намуданд. Сохтмони ошёнаи якуми бино анҷом ёфта, корҳои хиштчинӣ дар ошёнаи дуюми бинои мазкур идома доранд. Фаъолони деҳа тасмим гирифтаанд, ки баъд аз анҷоми сохтмони мактаб, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода мешавад, барои кӯдакони деҳа муассисаи замонавии томактабӣ бунёд намоянд.
Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и деҳаи Лолагӣ бо саҳми аҳолӣ ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор дар ду ошёна бо 14 синфхона, утоқ барои омӯзгорон ва маҷлисгоҳ сохта мешавад. Сокинони деҳа бо дастгирӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваъда доданд, ки то оғози соли нави таҳсил, дар арафаи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бинои иловагиро мавриди истифода қарор медиҳанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Спитамен иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Бо саҳми соҳибкорон ва шахсони саховатпеша дар Суғд 5 ҳазору 500 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ карда шуданд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи шаҳри Хуҷанд ба ифтихори ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатӣ
Дар Суғд яке аз нахустин лоиҳаҳои бузурги «энергетикаи сабз» – бунёди неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Ашт ба анҷом расонида шуд
Пешвои миллат: «Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 15 ҳазору 400 иншоот бунёд ва навсозӣ гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»






