35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ меҳмонхонаи замонавӣ бунёд карда мешавад. Меҳмонхона барои дар як вақт хизматрасонӣ ба 70 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Тибқи маълумот дар ҳудуди меҳмонхона бунёди ҳавзи шиноварии пӯшида пешбинӣ гардида, иншоот бо назардошти сатҳи баланди хизматрасонӣ ва мусоидат ба рушди соҳаи саёҳӣ дар канори шоҳроҳи байналмилалӣ сохта мешавад.
Ноҳияи Айнӣ дорои имкониятҳои фаровони сайёҳӣ буда, бо татбиқи чунин лоиҳаҳо, табиати нотакрор ва ҳунарҳои мардумии минтақа ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд.
Инчунин дар деҳаи Хушекат бо саҳми соҳибкорон ва аҳолӣ майдони хурди варзишӣ ба истифода дода шуд. Он бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои машғулияти ҷавонон ва рушди варзиш бунёд гардидааст.
Бунёди чунин иншооти муосир, ки бо иқдоми сокинон ва соҳибкоронӣ маҳаллӣ амалӣ мешаванд, намунаи ибрат ва татбиқи амалии ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






