35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш барои 280 нафар кӯдакистон сохта мешавад

Апрель 20, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 20.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон корҳои созандагию ободонӣ вусъат меёбанд.  Дар Ҷамоати шаҳраки Вахш сохтмони кӯдакистон барои 280 нафар  идома дорад. Сохтмончиён кӯшиш доранд, ки онро дар муҳлати муайяншуда бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, бунёди чунин муассисаҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, ба рушди соҳаи маориф ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар ноҳия ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли шифер сохта, ба истифода дода мешавад. Ин коргоҳ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Абдухолиқ Саидов дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд бунёд мешавад. Арзиши умумии лоиҳа 9 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии коргоҳ дар як шабонарӯз то 1000 дона шиферро дар бар гирифта, баъди ба истифода додан 30 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешавад.

Дар айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ ва васлу насби таҷҳизоти зарурӣ идома дошта, масъулон талош доранд онро дар муҳлати муайяншуда ба истифода диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Вахш аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Хишти Хатлон» дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкори чинӣ ба маблағи 14,5 миллион сомонӣ коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.   Корхона бо истифода аз технологияҳои муосир сохта  шуда, баъди ба истифода додан талаботи бозори дохилӣ ба масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла хишт то андозае таъмин мегардад. Бо фаъол гардидани корхона 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд, ки ин ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Апрель 20, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд