Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соҳаи коркард беш аз 20 фоиз зиёд шудааст

Апрель 24, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз моҳи январ то марти соли 2026 дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард 8560,6 миллион сомониро ташкил намудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 2746,9 миллион сомонӣ, маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 703,3 миллион сомонӣ, маҳсулот аз чӯб ва коғаз, фаъолияти табъу нашр 194,6 миллион сомонӣ, маҳсулоти нафтӣ 6,7 миллион сомонӣ, маҳсулоти кимиёвӣ 151,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар умум дар соҳаи коркард 29,6 фоиз зиёд шудааст.

Дар семоҳаи якуми соли 2026 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку 17,1 фоиз зиёд шуд. Аз он истеҳсоли консерваҳо 35,4 фоиз,  равғани растанӣ – 8,7 фоиз, орд – 34,8 фоиз ва гӯшти мурғ 2,6 фоизро ташкил мекунад.

Саноат яке аз рукнҳои муҳими иқтисоди миллии мамлакат маҳсуб шуда, сиёсати рушди соҳаи саноат, ҷалби сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ, таъсису ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои нав ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ дар меҳвари сиёсати стратегии давлат қарор дорад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо қабул ва амалӣ намудани  барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ иқдоми муҳим дар самти эҳёи саноати ватанӣ ва таъсиси ҷойи нави кор амалӣ мегардад.

Барои рушди саноати мамлакат бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ аз 21 декабри соли 2021 чунин  баён гардидааст: «Бинобар аҳаммияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати мамлакат  солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Солҳои рушди саноат эълон карда шаванд».

Тибқи маълумоти оморӣ, соҳаҳои саноат сол аз сол инкишоф ёфта, ҳадафи Стратегии миллии рушди босуръати саноатикунонии мамлакат дар амал татбиқ мегардад. Дар баробари ин теъдоди корхонаҳои саноатӣ зиёд шуда, ҷойи нави кор, шуғли аҳолӣ ва афзудани даромади аҳолӣ ба назар мерасад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд