Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел дар шаҳри Бишкек ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи ҳафтуми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки барои масъалаҳои ҳифзи муҳити зист масъул мебошанд, иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, чорабинӣ ба 25-солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхай бахшида шуда, таҳти шиори «Якҷо ба самти сулҳи устувор, рушд ва шукуфоӣ» баргузор гардид.
Зимни ҷаласа иштирокчиён вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар фазои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла масъалаҳои рушди устувор, рӯзномаи иқлим, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосферӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» ва густариши ҳамкории экологиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Сафири Тоҷикистон аҳамияти махсуси ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун омили калидии таъмини рушди устувор таъкид намуд. Ҳамзамон сиёсати пайгиронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз», ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳтар намудани сифати ҳавои атмосферӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин нақши пешсафи кишвар дар пешбурди рӯзномаи глобалии обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо махсус иброз гардид.
Ҳамчунин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва даъват ба иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, таъкид карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






