Ҳайати Тоҷикистон дар Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои ИДМ ва Авруосиё иштирок намуд

Апрель 25, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 22 то 24 апрел дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Анҷумани XV онкологҳо ва радиологҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Авруосиё баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Тоҷикистон иштирок кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар анҷуман директори Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ Акбар Муродзода дастовардҳои муҳими соҳаи хизматрасонии онкологии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд.

Намояндаи Тоҷикистон иброз дошт, ки дар соҳа усулҳои муосири ташхису табобат ба роҳ монда шуда, истифодаи амалиётҳои каминвазивӣ густариш ёфта истодааст. Чунин амалиётҳо бе осеби калон гузаронида шуда, барқароршавиро дар муддати кутоҳ таъмин менамоянд.

Инчунин иттилоъ дода шуд, ки «Барномаи давлатии пешгирӣ ва назорати бемориҳои онкологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» ба такмили низоми ташхиси барвақт, табобат ва паст намудани сатҳи фавт аз бемориҳои онкологӣ нигаронида шудааст.

Ҳамзамон дар доираи анҷуман нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар самти ташхис ва табобат байни муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ба имзо расид. Ин ҳуҷҷат густариши ҳамкории илмӣ-амалӣ, мубодилаи таҷриба байни мутахассисон, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ташхис ва табобат, инчунин рушди барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҷрибаомӯзиро пешбинӣ менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 25, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд