Ҳайати Тоҷикистон дар конфронси ҷаҳонии Сеул оид ба корхонаҳои давлатӣ иштирок намуд

Апрель 30, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар/. Ҳайати Тоҷикистон, иборат аз намояндагони вазорату идораҳои мамлакат дар конфронси ҷаҳонӣ оид ба корхонаҳои давлатӣ (State-Owned Enterprises Global Conference), ки аз 27 то 30 апрел дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки конфронси ҷаҳонӣ ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ намояндагони кишварҳои гуногунро ҷамъ овард.

Дар доираи конфронс масъалаҳо оид ба тамоюлҳои ҷаҳонии ислоҳоти корхонаҳои давлатӣ, таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Иштирокдорон дар доираи конфронс ба якчанд корхонаи давлатии Корея рафта, бо таҷрибаи пешқадам, низоми идоракунӣ ва фаъолияти муассири онҳо шинос шуданд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид