Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ, ки дар доираи ҷаласаҳои баҳорӣ баргузор мегарданд, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳимми молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини суботи макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд, инчунин таъсири номуайяниҳо дар пасманзари муноқишаҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми Сарвазири мамлакат Ҳоким Холиқзода нақши ниҳодҳои молиявии байналмилалиро дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки чунин ҳамоишҳо барои таҳкими муколамаи бисёрҷониба, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои электорат ва ҳимояи манфиатҳои кишварҳои аъзо заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳамкории зич бо Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин татбиқи ислоҳоти пайгирона дар самти сиёсати макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин ба вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, ки зери таъсири омилҳои геосиёсӣ, номуайянии занҷираҳои таъминот ва хавфҳои иқлимӣ қарор дорад, ишора гардида, зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, рушди савдои озод ва дастгирии ҳамоҳангшудаи молиявӣ таъкид карда шуд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид






