Ҳайати Тоҷикистон дар Вашингтон масъалаҳои молиявӣ ва иқтисодиро бо шарикони байналмилалӣ баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи баҳории Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор дар шаҳри Вашингтони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо иштироки муовини директори иҷроияи Хазинаи байналмилалии асъор Бо Ли мулоқоти вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар кори он вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иштирок намуданд
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҳайати Тоҷикистон оид ба вазъи кунунии иқтисоди миллӣ ва самтҳои асосии сиёсати иқтисодию молиявии мамлакат маълумоти мушаххас пешниҳод намуд.
Иброз гардид, ки дар доираи ҳамкорӣ бо Хазинаи байналмилалии асъор, бахусус татбиқи «Барномаи ҳамоҳангсозии сиёсат» (PCI) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои такмили идоракунии молияи давлатӣ, таҳкими шаффофият, беҳтар намудани идоракунии қарзи давлатӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардааст.
Инчунин Файзиддин Қаҳҳорзода бо роҳбари бахши институтҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки ҷаҳонӣ Адриан Фоззард вохӯрӣ намуд.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди ислоҳот дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла такмили идоракунии молияи давлатӣ, ислоҳоти баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии молиявии бахши давлатӣ, таҳкими шаффофият ва назорати фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, инчунин мутобиқсозии ислоҳоти идоракунии давлатӣ ба талаботи ҷалби сармоя ва татбиқи босифати лоиҳаҳоро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласаҳои баҳории Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байналмилалии асъор вохӯрии Вазири молияи Тоҷикистон бо директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Эми Поуп баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии муҳоҷирон, тавсеаи имконияти шуғли расмӣ ва истифодаи босамари муҳоҷират барои рушди иҷтимоию иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Инчунин ба масъалаи ҷалби маблағгузории ташкилоти байналмилалии молиявӣ ба такмили низоми омодасозии шаҳрвандон пеш аз сафар, рушди марказҳои иттилоотию машваратӣ барои муҳоҷирон, таҳкими ҳифзи ҳуқуқии муҳоҷирон ва дастгирии махсуси занони муҳоҷир диққати махсус дода шуд.


Ҳамзамон Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ таҳти роҳбарии директори минтақавии ин корпоратсия Саймон Эндрюс вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобили судмандро баррасӣ намуда, саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявиро дар рушди бахши хусусӣ, ҷалби сармоя, таъсиси бозорҳои нав ва пешбурди рушди устувори иқтисодӣ баланд арзёбӣ карданд.
Дар вохӯрӣ ба самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда, аз ҷумла дар соҳаҳои нақлиёт, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тавсеаи маблағгузорӣ дар бахши молиявӣ бо истифода аз воситаҳои маблағгузорӣ бо асъори миллӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин рушди маблағгузории «сабз», логистика ва инфрасохтори рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки моҳи майи соли равон ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меоянд.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






