Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон гузориш пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 14-15 апрел ҳайати Тоҷикистон дар шаҳри Женева дар ҷаласаи 84-уми Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди шиканҷа иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа ба ҳайати Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мутобиқатии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Принсипҳои Париж, «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026», таҳкими фаъолияти шахсони тамоси вазорату идораҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, механизмҳои ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамчун механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон, санҷишҳо ва фаъолияти гурӯҳи мониторингӣ дар назди мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, санадҳои универсалии ҳифзи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», ҳуқуқи озод будан аз шиканҷа ҳамчун ҳуқуқи мутлақи инсон, баробарии гендерӣ ва ҳуқуқҳои занон, раванди иҷрои нақшаҳои миллии амал оид ба иҷрои тавсияҳои сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид саволҳо дода шуданд.
Бо назардошти манфиатҳои миллӣ намояндагони Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас дода, вобаста ба ҳар самт маълумот пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа Кумита бар зидди шиканҷа ба ҷавобҳои пешниҳоднамудаи ҳайати Тоҷикистон, аз ҷумла ба ислоҳоти институтсионалӣ, такмили қонунгузорӣ, амалияи татбиқи ҳуқуқ ва пешниҳоди омори дақиқу муфассал баҳои баланд дод.
АКС: Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






