Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид

Апрель 16, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 апрел дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, зимни ҷаласа раиси Комиссияи озмун, мудири бахши маориф ва илми раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Қувватзода  доир ба аҳамияти озмун, мақсаду вазифаҳои он ва зарурати дар сатҳи баланд баргузор намудани даврҳои озмун ибрози назар намуд.

Иброз гардид, ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо истифода аз таҷрибаи солҳои қаблӣ тамоми тадбирҳои заруриро барои дар сатҳи шоиста баргузор намудани озмун амалӣ менамояд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба тарғибу ташвиқи озмун тавассути расонаҳои давлатӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма, такмили саволномаи тавсиявӣ–эҳтимолӣ, инчунин тартиби баргузории даври якуми озмун баррасӣ шуданд.

Гуфта шуд, ки даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» моҳи май дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат доир мегардад. Баргузории даври ниҳоии озмун ҳафтаи охири моҳи сентябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» соли сеюм аст, ки дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ибтикори Китобхонаи миллии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ гузаронида мешавад.

Озмун бо мақсади гиромидошти таърихи пуршарафи халқи тоҷик, омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи наҷоти давлат ва таҳкими ваҳдати миллӣ, бунёди модели нави давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон дар шароити нави таърихӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Пешвои миллат баргузор мегардад.

Осори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёгари таърихи пурғановат ва пурифтихори миллати тоҷик, инъикосгари таърихи забону тамаддун, муаррифи фарҳанги бою ғании миллати тоҷдору куҳанбунёди мо мебошад. Мутолиаи ин асарҳо моро бо сарнавишти миллату давлат шинос намуда, талошу заҳматҳои халқи фарҳангсолор ва куҳантамаддуни тоҷикро барои аз даст надодани забону фарҳанги худ инъикос менамояд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2025 дар даври ҷамъбастии озмун беш аз 200 довталаб аз муассисаҳои миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуда, 9 нафар ғолиб дониста шуд. Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи 20 000 сомонӣ, 15 000 сомонӣ ва 7 500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин 10 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Апрель 16, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид
Дар шаҳри Душанбе маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
«ТОҶИ СОМОН». Қабули филмҳо барои иштирок дар синамоҷашнвораи миллӣ то 15 сентябр идома меёбад
«МОДАРНОМА». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои Рассоми халқии Тоҷикистон Сабзаалӣ Шариф ифтитоҳ ёфт
СОТИМ УЛУҒЗОДА ВА ҚАДРШИНОСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба 115-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода
Дар Душанбе китоби «Президент сказал: Любите!…» рӯнамоӣ гардид
Муовини вазири корҳои хориҷии Умон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос гардид
Дар Теҳрон китоби «Бо корвони «Шоҳнома»: аз Тӯс то Душанбе» ба нашр расид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Кинотеатри «Ватан» навсозӣ ва бо технологияи муосири намоиши филмҳо муҷаҳҳаз гардонида шуд
Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид