Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид

Апрель 8, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ хабар доданд.

Дар чорабинӣ директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Хуршед Мирзо ва муовини Вазири рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Русия Сергей Кучушев иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки ҷаласаи нахустини гурӯҳи корӣ ҷиҳати татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ байни байни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, алоқа ва коммуникатсияҳои оммавии Федератсияи Русия вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид.

Зимни ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориро мавриди баррасӣ қарор дода, аҳамияти рушди ҳукумати электронӣ ва такмили хизматрасониҳои давлатиро таъкид намуданд.


Ҳамзамон омодагии ҷонибҳо барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки пилотӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ, таъмини амнияти киберӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос, рушди соҳибкории рақамӣ, ҳамкорӣ дар самти зеҳни сунъӣ, ташкили барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули таҷриба изҳор карда шуд.

Дар идома ҳайати гурӯҳи кории ҷониби Федератсияи Русия аз Маркази хизматрасониҳои давлатӣ боздид намуда, бо ҷараёни пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли рақамӣ ва фаъолияти инфрасохтори муосири хизматрасонӣ аз наздик шинос гардид.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуда, баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи кориро омили муҳими таъмини иҷрои самараноки тавофуқоти бадастомада арзёбӣ карданд.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

Апрель 8, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд