Ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд

Апрель 16, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори он аъзои Шуро аз ҳисоби ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода нахуст доир ба фаъолияти Шуро дар соли 2025 ва нақшаи кори он барои соли 2026 сухан гуфта, иброз намуд, ки самаранокии муқовимат ба коррупсия ба фаъолияти якҷояи мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути механизмҳои воқеии назорат, шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар ҳама сатҳҳо вобастагии амиқ дорад.

Маҳз ба ҳамин хотир Шурои миллии муқовимат ба коррупсия ва дар заминаи он комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳр ва ноҳия таъсис дода шуда, вазифаи асосии он ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмуии муқовимат ба коррупсия ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026-2030) тасдиқ шудааст. Дар доираи он диққати асосӣ ба тақвият бахшидани чораҳои пешгирӣ дар соҳаҳои осебпазир ба коррупсия, бахусус бартараф кардани омилҳои инсонӣ, бо роҳи рақамикунонӣ ва таъмини шаффофият дар низоми идоракунии давлатӣ ва бахши хусусӣ, инчунин густариши ҳамкории байналмилалӣ ва ба таври васеъ расонаӣ кардани дастовардҳои мамлакат дар ин самт дода шудааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин натиҷаҳои мониторинги маҷмуии ҷараёни иҷрои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва фаъолияти комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ, инчунин масъалаи истифодаи технологияҳои рақамӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия баррасӣ гардид.

Бо ёдоварӣ аз супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи саривақтии санадҳои дахлдор таъкид гардид, ки тезонидани раванди рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва вусъат додани пардохтҳои ғайринақдӣ роҳи асосии пешгирӣ аз коррупсия мебошад. Дар ин замина ба мақомоти масъул супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа Нақшаи кории Шурои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 тасдиқ гардид.

Апрель 16, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд