Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад

Апрель 17, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 17.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия тақвият медиҳад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи Форуми тиҷоратии «Ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ» директори Институти илмию тадқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Раъно Ҳошимзода бо намояндагони муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия мулоқот намуд. Зимни мулоқот дурнамои самтҳои ҳамкорӣ баррасӣ карда шуд.

Дар мулоқот масъулини Донишгоҳи давлатии иқтисод ва идоракунии Новосибирск ва Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В. Плеханов Ирина Боброва ва Анна Кошевлева доир ба самтҳои афзалиятноки тақвияти ҳамкорӣ, хусусан дар самти омодасозии кадрҳои соҳаи сайёҳӣ ва иқтисодӣ ибрози назар намуданд.

Мусоҳибон инчунин масъалаҳои муҳими рушди ҳамкории илмию таълимӣ, табодули таҷриба дар самти омодасозии кадрҳои баландихтисос, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкориро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва ташкили чорабиниҳои муштарак равона гардид.

Ҷонибҳо ҳамзамон барои таҳкими робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки иқтисод ва сайёҳӣ изҳори омодагӣ намуданд. Таъкид шуд, ки чунин ҳамкорӣ метавонад ба рушди устувори соҳаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодасозии мутахассисон мусоидат кунад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Апрель 17, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд