Аз ноҳияи Дӯстӣ ба Федератсияи Русия маҳсулоти кишоварзӣ содирот мегардад

Апрель 19, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 19.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ то имрӯз 50 тонна сабзавоти барвақтӣ ба Федератсияи Русия содирот гардидааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ иттилоъ доданд.

Сокинони  Ҷамоати деҳоти Нури Вахши ноҳияи Дӯстӣ дар қитъаҳои заминҳояшон бештар сабзавотӣ барвақтӣ парвариш намудаанд. Дар айни замон ҷамъоварии пиёзи баварқтӣ, картошка, гулкарам ва дигар навъи сабзавот идома дорад.

Сокини ин ҷамоат Аловуддин Алимардонов чанд сол аст, ки ба парвариши гулкарам машғул мебошад. Ӯ дар 18 садяк замини наздиҳавлигияш ҳамасола ин намуди сабзавоти барвақтиро кишт намуда, ҳосили дилхоҳ ба даст меорад.

Имсол низ ӯ 8 ҳазор дона ниҳоли гулкарамро парвариш намудааст. Аз ҳосили рӯёнида як қисмашро ба Федератсияи Русия ва боқимондаашро ба бозорҳои истеъмолии мамлакат пешниҳод намуд.

Тавре Аловуддин Алимардонов иброз намуд, пеш аз кишти ин навъи сабзавот ба сифати тухмӣ аҳамият дода, беҳтаринашро интихоб менамояд.

«Дар моҳи декабр тухмиро дар гармхона парвариш карда, моҳи феврал ба замини омодакарда мегузаронем. Нигоҳубини саривақтӣ, додани ғизоҳои минералӣ ва дигар шаклҳои коркарди кишоварзӣ имконият медиҳанд, ки дар вақти муайяншуда ҳосили хубу фаровон ҷамъоварӣ карда шавад», — афзуд Аловуддин Алимардонов.

Дар айни замон сокинони ноҳия нақша доранд, ки заминро барои кишти такрорӣ ва маккаи дон омода карда, захираи хӯроки чорворо низ таҳия намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 19, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд