Азамшо Шарифӣ: «Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хосса дорад»

Апрель 16, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дипломатияи «сабз» дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хосса касб намуда, бо ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвият меёбад. Чунин иброз намуд Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ Азамшо Шарифӣ дар конфронси дуюми байналмилалии илмию амалии «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз», ки 16 апрел дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, ки баргузории конфронси дуюми байналмилалии илмию амалии «Саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва дипломатияи сабз» дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини мамлакат иқдоми муҳим аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми беш аз 30 соли Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси усулҳои сиёсати хориҷии «дарҳои боз» сиёсати хориҷии мутавозину мусолиматомез ва созгорро пеша карда, тавонист дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоиста касб намояд. Ин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 186 давлати ҷаҳон робитаҳои фаъоли дипломатӣ ба роҳ монда, бо онҳо робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории мутақобили судмандро дар соҳаҳои гуногун тақвият медиҳад.

Тоҷикистон ҳамчун аъзои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид кӯшиш менамояд, ки дар ҳалли масъалаҳои умдаи рӯзномаи ҷаҳонӣ саҳми бориз гузорад. Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи охир мизбони ҳамоишу конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масоили об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо буда, иштироки кишварҳои гуногуни ҷаҳон дар онҳо боиси густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист гардидааст.

Дар форум таъкид шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор ва ташаккули дипломатияи «сабз» ташаббускор ва пешсаф буда, барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддат якчанд барномаву стратегияҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Дипломатияи «сабз» самти фаъолияти хориҷии Тоҷикистон аст, ки тавассути равандҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ ба ҳалли масъалаҳои экологӣ равона шудааст. Мақсади он ҳамкории давлатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад.

Ба андешаи иштирокдорони форум, дипломатияи «сабз»-и Тоҷикистон ҷанбаи муҳими сиёсати хориҷии кишварро ташкил дода, ҳамчун давлати пешқадами арсаи байналмилалӣ дар раванди тағйирёбии иқлим дар масъалаҳои об ва ҳифзи пиряхҳо эътироф гардидааст. Ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим намунаи барҷастаи дипломатияи «сабз» буда, на танҳо ба ҳалли мушкилоти обу иқлим дар Осиёи Марказӣ, балки ба ҳамгироии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти идоракунии устувори захираҳои табиӣ мусоидат мекунанд.

Таваҷҷуҳи Тоҷикистон ба ҳалли мушкилоти вобаста ба об на танҳо бо сабаби муҳимияти он ҳамчун сарвати стратегӣ, балки барои ҳифзи экосистема ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим равона шудааст. Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти бузурги ҷаҳонӣ мебошад, ки ҷумҳурии мо аз он бештар осеб мебинад. Аз ҷониби Президенти мамлакат дар ин самт якчанд ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо пешниҳод шудаанд. Ин ташаббусҳо ҳамчун қисмати дипломатияи «сабз» бозгӯи онанд, ки Тоҷикистон дар ҳамоҳангии сиёсати экологӣ ва рушди устувор иштироки фаъолона дошта, шарики боэътимод барои ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар форуми байналмилалӣ ҳамчунин Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Парвата Равасвамӣ, Роҳбари намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Уриз Арнандес, муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Дилноза Аҳмадзода, Директори Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди «сабз»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фарҳод Шарофзода ва олимону коршиносон аз кишварҳои хориҷӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни рушди дипломатияи «сабз» дар шароити муосир ва нақши он дар ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра ибрози назар намуданд.

Таъкид шуд, ки дипломатияи «сабз» ба ҳалли масъалаҳои экологӣ тавассути равандҳои дипломатӣ ва ҳамкории байналмилалӣ равона шуда, ҳадафи он ҳамкории давлатҳо бо созмонҳои байналмилалӣ барои расидан ба ҳадафҳои экологӣ, аз ҷумла мубориза бо тағйирёбии иқлим мебошад. Тоҷикистон борҳо ин масъаларо дар сатҳи байналмилалӣ барои коҳиши газҳои гулхонаӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим пешниҳод кардааст. Ин иқдом ба рушди дипломатияи «сабз», иқтисоди «сабз» ва барои ба кишвари «сабз» табдил додани ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Дар маҷмуъ, Тоҷикистон тавассути ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар роҳи рушди «сабз» ва татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор саҳми бориз гузошта, пешбарандаи дипломатияи «сабз» ва ҷонибдори густариши ҳамкории судманд бо тамоми давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ мебошад.

 

Марзия САИДЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Апрель 16, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуд
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо Валиаҳди Давлати Кувайт мулоқот намуд
Раванди татбиқи лоиҳаҳои Швейтсария дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон ба анҷом расиданд
Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ мулоқот намуд
Шараф Шерализода бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҷомеаи байналмилалӣ муроҷиат намуд
Дар Москва Конфронси байналмилалӣ оид ба муаррифии «Устувонаи Куруши Кабир» баргузор гардид