Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Раванди мусбати афзоиши боркашонӣ ва мусофиркашонӣ байни Тоҷикистон ва Русия дар Санкт-Петербург дар мулоқоти роҳбарияти вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон хусусан аз имтиёзҳои амалкунандаи тарофавӣ, аз ҷумла зариби (коэффитсиенти) пасткунандаи ҳамлу нақли воридотии маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия тавассути роҳи оҳан изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо табодули устувори солонаи рухсатномаҳоро барои ҳамлу нақли байналмилалии борҳо ба (аз) кишварҳои сеюм таъкид намуданд.
Ҳамзамон имконияти бунёди долонҳои нави нақлиётӣ бо мақсади афзоиши ҳаҷми боркашонӣ, ҷорӣ кардани технологияи муҳру муми новбарӣ (пломбаҳои навигатсионӣ) ҳангоми ҳамлу нақли автомобилӣ байни давлатҳо баррасӣ карда шуд.
Инчунин масъалаи аз нав барқарор кардани мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан бо хатсайри «Душанбе – Москва», хариди (аз ҷумла дар асоси лизинг) техникаи роҳи оҳани Русия, вагонҳои инноватсионии боркаш, мусофирбарӣ ва махсус, таҷҳизот ва асбоби зарурӣ барои хизматрасонии онҳо муҳокима гардид.
Ба рушди хатсайрҳои алтернативӣ ва бартараф сохтани маҳдудияти мавҷудаи инфрасохторӣ, аз ҷумла барои ба роҳ мондани ҳаракати мунтазами автобусҳои мусофирбар байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Русия диққати махсус дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба иштироки ширкатҳои Русия дар лоиҳаҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар қаламрави Тоҷикистон ибрози назар намуданд. Гуфта шуд, ки корҳо оид ба татбиқи «харитаи роҳ»-и байниидоравӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2025-2030 идома доранд.
АКС: Вазорати нақлиёти Тоҷикистон








Дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 250 мегаватт идома дорад
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад






