Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи пойтахт аз 17 то 19 апрел барои сокинону меҳмонон хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, хатсайр аз соати 19:00 дар назди Муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ оғоз гардида, ҳадафи асосии он рушди соҳаи сайёҳӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, баланд бардоштани ҷолибияти пойтахт барои меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани фароғати фарҳангӣ барои сокинон мебошад.
Дар доираи ин хатсайри шомгоҳӣ иштирокчиён имконият доранд бо мавзеъҳои зебоманзар, иншооти муосир, марказҳои фарҳангӣ ва гӯшаҳои сайёҳии шаҳри Душанбе шинос шаванд. Барнома инчунин фароғати фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар бораи таъриху рушди пойтахтро дар бар мегирад.
«Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва ширкатҳои сайёҳӣ имкон доранд иштироки меҳмонону сайёҳони худро дар хатсайри сайёҳии мазкур тавассути саҳифаҳои расмии шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), ВКонтакте (Dushanbe.travel), Тридс (dushanbe.travel), Тик-Ток (dushanbe.travel), Х (dushanbe.travel), Телеграмм (dushanbe.travel) ва почтаи электронӣ: rushdi.sayohi@gmail.com ва шахси масъули тамос: 2212561; 777000443; 555080303; 003881616 (тариқи WhatsApp, Telegram) номнавис намоянд ва аз хатсайрҳои мазкур ройгон истифода баранд», — таъкид намуданд дар шуъбаи рушди сайёҳӣ.
Чунин иқдомҳо дар самти рушди инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби сайёҳони бештар ва тақвияти симои байналмилалии шаҳри Душанбе аҳамияти муҳим доранд.
АКС аз бойгонӣ








Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии WTM дар Лондон иштирок дорад
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид






