Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмуни «Топ-35- шарики боэтимоди сол» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 19.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Топ – 35- шарики боэътимоди сол» баргузор мешавад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, озмун бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор шуда, соҳибкорон, ширкату корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, ташкилоти қарзӣ, суғуртавӣ ва дигар ташкилоти хизматрасон метавонанд дар он иштирок намоянд.
Мақсади баргузории озмун муайян намудани ширкату корхонаҳои боэътимоди ватанӣ, мусоидат намудан ба рушди бахши хусусӣ, тақвият бахшидани муносибатҳои тиҷоратӣ ва шарикии соҳибкорони ватанӣ-аъзои палата, ҷалби сармоягузорон ва шарикони хориҷӣ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони боэътимоди Тоҷикистон, ҳавасманд намудани соҳибкорони ватанӣ барои беҳтар кардани сатҳу сифати маҳсулот ва хизматрасониҳо тавассути рақобати солим, муайян намудани ширкату корхонаҳои муваффақтарин ва боэътимод ва баланд бардоштани нуфуз ва эътиборнокии соҳибкорони ватанӣ байни доираҳои соҳибкорони мамлакатҳои хориҷи мамлакат мебошад.
Хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳояшонро тибқи талаботи Кумитаи тадорукоти озмун то 20 июли соли 2026 ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дар шакли электронӣ тавассути суроғаи электронии ozmuncci.tj@gmail.com пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки озмун дар арафаи таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст мегардад.
АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид






