Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 23.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҳафтаи илми тоҷик ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар филиали кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар Хонаи китоби Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.
Директори Хонаи китоби Тоҷикистон Зафари Шариф оид ба дастгирию ташаббусҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ибрози назар намуд.
Иштирокдорон оид ба моҳият ва баргузории Ҳафтаи илм, таъсиси филиали кафедра дар Хонаи китоби Тоҷикистон, инноватсияи китобдорӣ, рақамигардонии осори нашрӣ дар замони муосир, ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибаомӯзӣ дар Хонаи китоб, ки имрӯз бо технологияи нави соҳавӣ муҷаҳҳаз аст, ибрози андеша намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини эҳёи давлатдории миллӣ дар баробари таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷомеа ба рушди соҳаи илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, онро самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуданд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ илму маориф ва фарҳанг ба яке аз рукнҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, дар ташаккули маънавии ҷомеа, тарбияи насли наврас, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ нақши муҳим мебозанд.
АКС: Хонаи китоби Тоҷикистон








Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд






