Бахшида ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 510 адад патент, 1726 адад нахустпатент ба ихтироъ, 108 патент ба намунаи саноатӣ, 75 ҳазору 475 шаҳодатномаи тамғаҳои молӣ сабт шудаанд. Дар ин хусус зимни баргузории ҳамоиш дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамоиши мазкур ба Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ, ки 26 апрел муқаррар гардидааст, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти ҷумҳуриро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда, дастгирӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави мамлакат ва берун аз он таъмин менамояд.
Таъкид гардид, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ дастовардҳои ихтироъкорони тоҷик эътироф гардида, бо ҷоизаҳои олӣ қадрдонӣ мешаванд. Аз ҷумла, яке аз чорабинии сатҳи байналмилалӣ ин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкор мебошад, ки ҳамасола дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад. Дар ин форуми байналмилалӣ ҳамасола занони ихтироъкори тоҷик иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Инчунин соли 2026 ихтироъкорони мамлакат дар 16-умин Намоишгоҳи байналмилалии ихтирооти Ховари Миёна, ки дар Давлати Кувайт баргузор гардид иштирок намуда, соҳиби 10 медал: 3 – тилло, 3 – нуқра ва 4 – биринҷӣ гардиданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш яқ қатор ихтироъкорони фаъол барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи ихтироъкорӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон кормандони фаъоли Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» барои саҳми арзанда гузоштан дар пешбурди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ ва фаъолияти корӣ бо Ифтихорнома ва нишони соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»








Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд






