Бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе- таблиғгари арзишҳои миллию давлатӣ дар қалби Тоҷикистон» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода доир ба дастовардҳо ва рушду пешрафти шаҳри Душанбе дар соҳаҳои гуногун дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба сокинони пойтахт, таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба мутобиқ намудани инфрасохтори шаҳр ба меъёрҳои байналмилалӣ ибрози андеша намуд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода изҳор дошт, ки таҷлили ҳамасолаи Рӯзи пойтахт дар моҳи апрел ифодаи эҳтиром ба шаҳри Душанбе ҳамчун маркази давлатдорӣ ва рамзи ваҳдату худшиносии миллӣ мебошад.
Иброз гардид, ки шаҳри Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ҳамчун рамзи истиқлолу озодӣ, маркази илму фарҳанг ва дорои инфрасохтори пешрафтаи муосир рисолати муаррифии давлату миллатро бар дӯш дорад. Ҳар меҳмоне, ки вориди пойтахти давлатамон мегардад, бо тамошои он ва мушоҳидаи рафтору гуфтору кирдори сокинонаш дар маҷмуъ ба фарҳанги миллӣ, сатҳи иқтисоду иҷтимоъ ва илму адаби миллати мо баҳо медиҳад. Маҳз дар натиҷаи заҳматҳои содиқонаю ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардидааст.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






