Бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 апрел дар Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат (28 апрел) ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки Ташкилоти байналмилалии меҳнат ҳифз ва бехатарии меҳнатро яке аз омилҳои муҳими муносибатҳои меҳнатӣ эътироф намуда, 28 апрелро Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат эълон кард. Дар ин замина ҳамасола ин ташкилот мавзуи марказиро интихоб менамояд, ки ба беҳдошти шароити кор ва ҳифзи саломатии кормандон равона шудааст.
Соли 2026 аз ҷониби ин ташкилот мавзуи баргузории чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз «Рӯзи умумиҷаҳонии бехатарӣ ва саломатӣ дар ҷои кор» муқаррар гардидааст. Он ба муҳити психологию иҷтимоӣ ҳамчун мушкилоти глобалӣ бахшида шуда, ҷомеаро ба фароҳам овардани шароити одилонаи меҳнат, сармоягузорӣ ба захираҳои инсонӣ ва истеҳсоли устувор, ҳифзи солимии равонӣ, мубориза бо шуғли ғайрирасмӣ ва ҳамгироии технологияҳои муосир даъват менамояд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳоест, ки узви Созмони байналмилалии меҳнат шуда, конвенсия ва тавсияҳои ин ташкилоти байналмилалиро эътироф намудааст. Дар ин замина, соли 1997 нахуст Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи меҳнат қабул гардида, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифт.
Зимни ҳамоиш ёдоварӣ гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон (24 октябри соли 2019) масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандонро яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба маҳсуб донистанд.
Дар охир якчанд нозирони ташкилоти соҳа ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи меҳнат бо мукофотҳои соҳавии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






