Байни Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷии Узбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Апрель 30, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми амниятии Осиёи Марказӣ, ки дар мавзуи «Низоми амнияти Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфияти стратегӣ» имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд, ин санад зимни вохӯрии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо директори Маркази тадқиқоти сиёсати хориҷӣ ва ташаббусҳои байналмилалии назди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Санҷар Валиев ба имзо расид.

Дар вохӯрӣ Хайриддин Усмонзода ҷониби ҳамкорро барои иштирок дар Форуми сеюми марказҳои таҳлилии Ҷумҳурии Корея ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи июни соли 2026, инчунин  Форуми сулҳи Фарғона, ки моҳи октябри соли 2026 дар Тоҷикистон баргузор мешаванд, даъват намуд.

Дар вохӯрӣ ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории минбаъдаи ду муассиса таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 30, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад