Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 09.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Самтҳои афзалиятноки ҳамкории дуҷониба дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ, аз ҷумла таҷрибаҳои нави таълимӣ ва усулҳои муосири омӯзгорӣ 8 апрел дар мулоқоти Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва муовини Раиси Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Адил Ҳамад Алзенедӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ хабар медиҳад.
Муовини Раиси Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Адил Ҳамад Алзенедӣ доир ба таҷриба ва усулҳои пешрафтаи таълими техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ сухан гуфта, таклиф намуд, ки омӯзгорони тоҷик метавонанд дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ барои касбомӯзон аз рӯйи барномаҳои омӯзиши зеҳни сунъӣ машғулияти кӯтоҳмуддат гузаронанд. Ин пешниҳод, ки асосан ба баланд бардоштани сатҳи омӯзиши технологӣ ва малакаҳои инноватсионӣ равона шудааст, имконияти дастрасӣ ба таҷрибаҳои байналмилалӣ ва навовариҳои соҳаи зеҳни сунъиро барои омӯзгорони тоҷик фароҳам меорад. Он метавонад дар барномаҳои таълимии муассисаҳои Тоҷикистон ба таври ҷиддӣ татбиқ шавад.
Дар анҷоми мулоқот байни роҳбарони Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи таълимии техникӣ ва касбии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум имзо гардид.
Тибқи ин ҳуҷҷат дар назар аст, ки дар оянда конференсҳо, машваратҳо, форумҳо ва намоишгоҳҳои муштарак барои муаллимон, шунавандагон ва кормандони муассисаҳои таълимӣ, инчунин таҳқиқот ва омӯзишҳои муштараки техникӣ, ки ба такмили сатҳи таълим ва баланд бардоштани сифати омӯзиш мусоидат менамоянд, гузаронида шаванд.
Инчунин барномаи мубодилаи сафарҳо байни мутахассисони соҳаи таҳсилоти касбӣ ва табодули таҷрибаю дониш дар заминаи барномаҳои омӯзишӣ баён карда шуд, ки имконияти дастрасӣ ба таҷрибаҳои байналмилалиро фароҳам меорад.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






