Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд

Апрель 18, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 16 апрел раиси кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба илм ва маориф иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа мутобиқ ба санадҳои таъсисии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва принсипҳои ҳамоҳангсозии қонунгузории миллӣ натиҷаҳои фаъолияти Комиссия дар соли 2025 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуданд. Ҳамзамон лоиҳаи Тавсияҳо оид ба ташаккули чаҳорчӯби ҳуқуқии ҳамоҳангшуда дар самти рушд ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон барои давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокима гардид.

Иштирокчиён бо такя ба меъёрҳои умумии ҳуқуқии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва таҷрибаи пешқадами қонунгузории миллӣ пешниҳодҳоро оид ба таҳияи Лоиҳаи Нақшаи дарозмуддати қонунгузории намунавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои солҳои 2026–2028, инчунин консепсияи Кодекси зеҳнии Иттиҳод баррасӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки ташаккули чунин санадҳои намунавӣ ба ҳамоҳангсозии фазои ҳуқуқӣ, таҳкими ҳамгироии илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди устувори кишварҳои аъзо мусоидат менамояд.

Дар доираи рӯзнома инчунин лоиҳаи Низомнома дар бораи таъсиси Нишони фахрии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Барои хизматҳо дар рушди илм ва маориф» баррасӣ гардид.

Тазаккур дода шуд, ки эътирофи дастовардҳои муштарак дар соҳаи илм ва маориф омили муҳими таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва ҳавасмандгардонии ташаббусҳои инноватсионӣ мебошад.

Аъзои Комиссияи доимӣ ва аъзои кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, мақомоти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва муносибатҳои байнипарлумонӣ Рухшона Восифҷонзода вобаста ба лоиҳаи қонуни намунавӣ «Дар бораи масъулияти волидон дар таълим ва тарбияи кӯдакон» гузориши муфассал ироа намуд.

Дар он зарурати такмили танзими ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, баланд бардоштани масъулияти иҷтимоии волидон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таъкид гардид.

Дар анҷоми ҷаласа бо назардошти талаботи Низомномаи Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва принсипи навбатдорӣ масъалаҳои вобаста ба сана, макон ва рӯзномаи ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба илм ва маориф мувофиқа ва муайян карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 18, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд