Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои масъулини самти таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ дар мавзуи «Амалӣ намудани низоми кредитӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ» машварати омӯзишӣ оғоз гардид.
Тавре аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, машварат барои мутобиқ намудани низоми таҳсилот ба стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва рушди салоҳияти касбии кормандони соҳа ба роҳ монда шуд. Ҳадафи асосии машварат такмили донишҳои назариявӣ ва амалии иштирокчиён оид ба татбиқи низоми кредитӣ ва истифодаи самараноки он дар раванди таълим мебошад.
Муовини якуми Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Баҳрулло Давлатзода иброз дошт, ки гузариш ба низоми кредитӣ яке аз марҳилаҳои калидӣ дар ислоҳоти соҳаи маориф буда, ба баланд бардоштани сифати таҳсил, шаффофияти раванди баҳодиҳӣ ва мутобиқати барномаҳои таълимӣ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат менамояд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳо талабот ба мутахассисони рақобатпазир рӯз то рӯз меафзояд. Аз ин рӯ, татбиқи низоми кредитӣ ҳамчун яке аз унсурҳои муҳими низоми муосири таҳсилот имконият фароҳам меорад, ки донишҷӯён барномаи таълимиро мутобиқ ба қобилият ва шавқу ҳавас интихоб намуда, донишҳои амиқ ва малакаҳои амалӣ касб намоянд.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки низоми кредитӣ на танҳо барои донишҷӯён, балки барои омӯзгорон низ имконияти нав фароҳам меорад. Аз ҷумла, он ба такмили усулҳои таълим, истифодаи технологияҳои муосир ва баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносии омӯзгорон мусоидат мекунад.
Зимни машварат мутахассисони варзидаи соҳа ба иштирокчиён доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба низоми кредитӣ, аз ҷумла принсипҳои асосии он, тартиби таҳияи барномаҳои таълимӣ, низоми баҳодиҳӣ, ҳисобу китоби кредитҳо ва ташкили раванди таълим дар шароити низоми нав маълумоти муфассали назариявӣ ва амалӣ пешниҳод менамоянд.
Иштирокчиён ҳамчунин имконият доранд, ки тавассути машғулияти амалӣ ва мубодилаи таҷриба донишу малакаҳояшонро такмил дода, роҳҳои ҳалли масъалаҳои мавҷударо баррасӣ намоянд. Ин раванд ба баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа ва татбиқи босамари низоми кредитӣ дар муассисаҳои таълимӣ мусоидат менамояд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид






