Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба такмили сиёсати давлатӣ дар самти беҳтар намудани сифату бехатарии ғизо ва рушди системаи агро-хӯрокворӣ дар доираи лоиҳаи «Тавсияҳо оид ба сиёсати соҳавӣ барои ҳалли мушкилоти ғизои носолим дар заминаи системаи амалкунандаи агро—хӯрокворӣ» 1 апрел дар вохӯрии роҳбарияти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо инчунин доир ба роҳҳои коҳиш додани истеъмоли ғизои носолим, баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар самти ғизои солим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва техникӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Маҳмуд Ширинҷонзода иброз намуд, ки ҳамкории Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳтар намудани назорати байторию фитосанитарӣ, пешгирии бемориҳои сироятии ҳайвонот ва рушди устувори низоми агро-хӯрокворӣ аҳамияти муҳим доранд. Татбиқи чунин лоиҳаҳо метавонад ба таҳияи тавсияҳои амалӣ ва такмили сиёсати соҳавӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат намояд.
Маҳмуд Ширинҷонзода омодагии Кумитаи бехатарии озуқавориро барои густариши ҳамкории минбаъда бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи лоиҳаҳои муштарак иброз намуда, аҳамияти таҳкими робитаҳои соҳавиро барои рушди устувори соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ муҳим арзёбӣ намуд.
АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






