Бо сокинони шаҳри Конибодом дар мавзуи худогоҳию худшиносии миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Конибодом бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар мавзуи «Худогоҳию худшиносии миллӣ – василаи мубориза бо таассуб ва хурофот» бо сокинон вохӯрӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам иброз дошт, ки худогоҳӣ дар маънои васеъ, дарки инсон аз «ман»-и худ, мақому ҷойгоҳаш дар ҷомеа ва масъулияташ дар назди миллату давлат мебошад. Ин мафҳум танҳо ба худшиносии фардӣ маҳдуд намешавад, балки дар баробари он худшиносии миллӣ – яъне дарки решаҳои таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ, забон, адабиёт ва суннатҳои миллӣ низ аҳаммияти калидӣ дорад.
«Худогоҳию худшиносии миллӣ заминаест, ки бар он ҳисси ифтихори миллӣ, ваҳдати миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ташаккул меёбад. Ин раванд тадриҷӣ буда, тавассути тарбия, маориф ва таҷрибаи иҷтимоӣ сурат мегирад. Ҳар қадар шахс аз таъриху фарҳанги худ огоҳ бошад, ҳамон андоза мавқеи ӯ дар ҷомеа устувортар мегардад», – афзуд Рудобаи Мукаррам.
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода изҳор дошт, ки имрӯз вақте ки ҷараёнҳои гуногуни идеологӣ ва иттилоотӣ ба шуури инсон таъсири мустақим мерасонанд, зарурати ташаккули шуури солими миллӣ ва тафаккури интиқодӣ бештар эҳсос мегардад. Маҳз дар чунин шароит худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ метавонад ҳамчун сипари маънавӣ дар муқобили таассуб ва хурофот амал намояд. Зеро ҷаҳони муосир на танҳо имкониятҳо, балки хатарҳои нави маънавиро низ ба миён овардааст.
Раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода иброз дошт, ки худшиносии миллӣ метавонад дарки дурусти арзишҳои динӣ ва фарҳангиро ҳамоҳанг созад. Вақте ки инсон аз решаҳои фарҳангии худ огоҳ аст, ӯ динро низ бо назари муътадил ва дур аз хурофот қабул мекунад.
«Дарки донишҳои динӣ бояд дар асоси манбаъҳои боэътимод ва фаҳмиши дурусти мазҳаби ҳанафӣ сурат гирад. Зеро мубориза бо хурофот пеш аз ҳама тавассути маърифат ва таҳлили ҳамаҷониба имконпазир аст. Дар ин замина метавон гуфт, ки ҳамгироии худогоҳию худшиносӣ ва маърифати динӣ метавонад ҷомеаро аз ҳар гуна ифротгароӣ эмин нигоҳ дорад», – тазаккур дод Сулаймон Давлатзода.
Гуфта шуд, ки худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ на танҳо арзишҳои маънавӣ, балки абзорҳои амалии ҳифзи суботи иҷтимоӣ ва рушди устувори ҷомеа мебошанд. Онҳо инсонро аз асорати таассубу хурофот раҳо намуда, ба сӯи маърифат, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафт роҳнамоӣ мекунанд. Аз ин рӯ, густариши худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ бояд яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии ҳар як ҷомеа бошад. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масъалаҳои худогоҳию худшиносии миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд ва онро асоси пойдории давлати мустақил меҳисобанд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






