ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст

Апрель 18, 2026 10:40

ДУШАНБЕ, 18.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз шаҳри Душанбе бо мардуми меҳмоннавозу бофарҳанг, кӯчаву хиёбонҳо, боғу гулгаштҳои сабзу гулпӯшаш дили ҳазорон сайёҳони дохиливу хориҷиро тасхир намудааст. Душанберо шоирону адибони машҳури тоҷик дар эҷодиёти худ ба таври фарох васфу ситоиш намудаанд.

22 сол пеш Ҳамза Боқӣ ва Наҷмиддин Салоҳиддинзода китоберо таҳия ва бо номи «Меҳрномаи Душанбе» ба чоп расониданд. Дар ин китоб аз эҷодиёти шоирону нависандагони дохилӣ ва шоирону нависандагони хориҷӣ, аҳли фарҳанг ва сиёсатмадорони хориҷӣ, ки дар васфи Душанбе суханҳои нек гуфтаю онро таърифу тавсиф намудаанд, намунаҳо овардаанд.

Маълум аст, ки мураттибон барои ҷамъ кардан, тартиб додан ва ба чоп расонидани китоби мазкур заҳмати фаровон кашидаанд. Дар китоб аз 75 нафар шоирони дохилӣ, ки аз соли 1924 то соли 2004 дар васфи Душанбе таълифот анҷом додаанд ва қариб аз 35 нафар шоирону нависандагон ва сиёсатмадорони берунӣ намунаҳо оварда шудааст. Ҳоло мо барои тасдиқи фикрамон намунае чанд аз ин гуфтаҳоро ба таври мисол ба хонандагон пешкаш менамоем. Шоири халқии Тоҷикистон Боқӣ Раҳимзода дар шеъри «Дилороӣ Душанбе» чунин фармудааст:

Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе.
Шудам сарсабз дар оғӯши меҳрат,
Чу дил дар синаам ҷоӣ, Душанбе…

Шоири саршинос ва мардумии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, ки ошиқу дилдодаи Душанбе буд, дар шеъри «Душанбе» чунин сатрҳои волоро ба ин зебошаҳр нисор кардааст:

Дилам хоҳад барои ёдгорӣ,
Нависам дар тани деворҳоят.
Ду-се байте чу арзи меҳру савганд,
Барои ту, барои наслҳоят.

***

Ду-се байте, ки ҷӯшад аз дил пок,
Сазовори шабони равшани ту.
Ду-се байте, ки монанди шакарнам,
Бирезад рӯи боғу гулшани ту.

***

Туро бе тахту маснад офариданд,
Ки бошӣ пойтахти Тоҷикистон.
Агарчанде замоне дошт тоҷик,
Ба номе пойтахти илму ирфон.

***

Туро аз орзуҳо офариданд,
Туро умедҳо таъмир карданд,
Туро аз кулба то қаср офариданд,
Туро пардоз аз тадбир карданд…

***

Чӣ фирӯзахтару толеъбаландӣ,
Ки дорӣ хушдилону хушгилон ҳам.
Чӣ соҳибдавлату хушрӯзгорӣ,
Ки соҳиб дориву соҳибдилон ҳам.

Пойтахти Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати хориҷӣ ва дохилии сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле ободу зебо гашта, ба таври шинохтанашаванда дигар шудааст. Бо кӯшишҳои созанда, бунёдкорона ва ободкоронаи Пешвои миллат пойтахти давлати тоҷикон ба шаҳре табдил ёфтааст, ки писанди тамоми тоҷикони олам буда, пайвандгари гузашта, имрӯза ва ояндаи миллат мебошад. Имрӯз ба Душанбеи зебои мо ҳамаи сокинони ҷумҳурӣ ва тамоми тоҷикону тоҷикистониён бо чашми умед менигаранд. Ба ин боварӣ сазовор гаштан ва пойтахтро ҳамчун хонаи дӯстиву бародарӣ, ваҳдату якдилӣ, илму фарҳанг, донишу ҳунар ва кору пайкори нек нигоҳ доштан вазифаи пурифтихори мо, сокинони ин шаҳри зебо аст!

Солҳои охир бо роҳбарии созанда ва ободгаронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти мамлакат ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, симои он ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Бунёди иншооти муосиру хуштарҳ ва баландошёна ба шаҳр ҳусну таровати тоза бахшида, Душанберо ба яке аз марказҳои ҷолиби сайёҳӣ табдил додааст. Ин аст, ки боғшаҳри мо таваҷҷуҳи меҳмонони хориҷиро бештар ҷалб менамояд.

Назар ХОЛНАЗАРОВ,
ходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 18, 2026 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад