Дар АМИТ «Ховар» доир ба масъалаи муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид

Апрель 24, 2026 15:38

ДУШАНБЕ, 24.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» вобаста ба таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ директори Агентӣ Субҳиддин Шамсиддинзода ва сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахт Бойзод иштирок ва суханронӣ намуданд.

Субҳиддин Шамсиддинзода иброз дошт, ки АМИТ «Ховар» дар доираи иҷрои талаботи қонунгузории амалкунандаи мамлакат, татбиқи сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро барои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ба таври мақсаднок ва мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, дар ин самт як қатор тадбирҳои мушаххаси ташкилӣ, иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳиро амалӣ намудааст, ки онҳо ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа равона гардидаанд.

Хушбахт Бойзод такъкид намуд, ки иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули фазои оштинопазирӣ ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон роҳҳои асосии муқовимат ба коррупсия ва татбиқи босамари Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 марҳилаи ду (2026-2030) ба ҳисоб меравад.

Гуфта шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти манфии ҷомеа ба шумор рафта, метавонад ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва эътимоди ҷомеа ба ниҳодҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, мубориза бо он бояд ҳаматарафа ва бо истифода аз механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба роҳ монда шавад.

Дар фарҷом директор Субҳиддин Шамсиддинзода изҳор дошт, ки АМИТ «Ховар» дар самти фаъолияти иттилоотӣ ба масъалаҳои муқовимат ба коррупсия аҳамияти махсус дода, минбаъд низ шумораи маводи таҳлилӣ ва иттилоотиро зиёд менамояд. Ба ин васила, Агентӣ дар ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа саҳми назаррас мегузорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 24, 2026 15:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд