Дар Бангкок тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЭСКАТО баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкории Тоҷикистон бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид ЭСКАТО (ESCAP) дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Котиби иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсия Алишаҳбана дар Бангкок баррасӣ шуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО баргузор гардид. Ҷонибҳо доир ба тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором сухан намуда, саҳми ин созмонро дар татбиқи лоиҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо таъйид ва дастгирии доимии ЭСКАТО-ро дар рушди соҳаи роҳу нақлиёти Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки моҳи июли соли 2024 ЭСКАТО татбиқи лоиҳаи «Технологияҳои нав ва табдили рақамӣ барои дастгирии фаъолияти устувортар ва рақобатпазири роҳи оҳан дар Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ»-ро, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои баҳрабардори он аст, ба анҷом расонид.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон яке аз 44 кишвари ҷаҳон аст, ки «кишварҳои маҳсур дар хушкӣ» ном бурда мешаванд. Онҳо роҳи мустақими баромадан ба баҳр надоранд ва аз ин сабаб дар ҷараёни рушди иқтисодияшон бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд. Дар ин замина махсус таъкид гардид, ки дар доираи раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли 2025 Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуд, ки лоиҳаи онро Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо ЭСКАТО таҳия кардааст.
Инчунин лоиҳаи «Суръатбахшии гузариш ба мошинҳои барқӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, марҳилаи II», ки бо дастгирии ЭСКАТО дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, номбар карда шуд.
Тоҷикистон дар татбиқи Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (қатъномаи 70/1 Ассамблеяи генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) минбаъд низ фаъолона иштирок мекунад. «Дар робита ба ин, мо ба талошҳои давомдор барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла таҳияи лоиҳаи қатънома оид ба ин масъала, ки ба назари мо барои рушди системаҳои устувори нақлиёт дар тамоми минтақа заминаи муҳим фароҳам меорад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунем», – изҳор дошт Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим.
Ёдовар мешавем, ки 24 апрели соли 2026 дар иҷлосияи 82-юми ЭСКАТО дар Бангкок ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъқул дониста шуд. Иштирокчиёни иҷлосия қатъномаи пешниҳодкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи «Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи алоқаи нақлиётӣ ва логистика ба манфиати рушди устувор дар Осиё ва Уқёнуси Ором» қабул карданд.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд






