Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир» Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ идома дорад

Апрель 25, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 25.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии «Куруши Кабир»-и шаҳри Душанбе шуруъ аз 1 март Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шудааст, ки то 31 май идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, шуруъ аз 24 апрел то  31 май дар ин макон  аз  шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳунармандон маҳсули дасти худро  ба намоиш – фурӯш мегузоранд.

Маҳсули дасти  ҳунармандони ин минтақа бо услуб ва нақшу нигори хоси худ фарқ дошта, таъриху фарҳанги қадимаи мардуми Бадахшонро инъикос мекунад. Меҳмонон ва сокинони шаҳри Душанбе имкон доранд аз маҳсулоти хоси ин минтақа, аз ҷумла гарданбандҳои зебои дастӣ, тоқиҳои миллии рангоранг, ҷӯробҳои бо нақшу нигори анъанавӣ ва дигар ашёи ҳунармандиро  харидорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин намоиш-фурӯш занони ҳунарманди шаҳру ноҳияҳои мамлакат, гирандагони гранти президентӣ ва соҳибкорзанон имкон доранд, ки маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба фурӯш гузоранд. Дар ин ҷо доираи васеи маҳсулоти ҳунармандӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасу атлас, гулдӯзӣ, маҳсулоти бофандагӣ, заргарӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумӣ пешниҳод мегарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 25, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид